Бегоҳии рӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паҳлӯи чапи қасри фарҳангии Арбоб Маркази муҳташами фарҳангию фароғатӣ, ки бо нақшу нигори зебову дилкаш дар болои чӯб, санг, гач ва оина оро ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Зиёфати расмӣ ва барномаи фарҳангии бошукӯҳи дигар ба ифтихори солгарди 20-уми Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин бинои зебову муҳташам, ки намунаи волои санъати бостонӣ ва муосири меъмории миллати тамаддунофари тоҷик аст, баргузор гардид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба самараи ҳунари волои меъморону бунёдгарони ин чойхона баҳои баланд дода, ба онҳо арзи сипос кард ва ба роҳбарияти вилояти Суғд дастур дод, ки дар паҳлӯи рости қасри Арбоб як боғи фарҳангию фароғатӣ бунёд намуда, ба мардум туҳфа намоянд.