Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Дмитрий Мезентсев

16.12.2013 17:03, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Дмитрий Мезентсевро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот, асосан масоили омодагӣ ба ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки соли 2014 дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд, баррасӣ гардид.

Тавре зикр гардид, Тоҷикистон дар соли раёсати худ ба масоили таҳким ва густариши равобити бисёрҷонибаи кишварҳои аъзо ва нозири СҲШ аҳамияти хоса хоҳад дод.

Тазаккур дода шуд, ки дар соли раёсати Тоҷикистон дар СҲШ дар ҳудуди ҷумҳурии мо чорабиниҳои зиёд, аз ҷумла ҷаласаҳои шӯроҳои вазирони корҳои хориҷӣ ва роҳбарони дигар вазорату сохторҳои кишварҳои аъзои ин созмон, инчунин намоишгоҳҳои фарҳангӣ ва ғайра баргузор хоҳад шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд, ҳамчунин ба масоили баргузор намудани Форуми СҲШ ва таҳияи Стратегияи СҲШ барои солҳои 2020-2025 зоҳир карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520