Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

16.12.2013 17:23, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Муовини якум Давлаталӣ Саидов ва муовини Сарвазир Азим Иброҳим, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат масъалаҳои вобаста ба фаъолияти истеҳсолии ширкати алюминийи тоҷик (ТАЛКО) ва таъмини мардум бо нерӯи барқу гармӣ дар фасли зимистон баррасӣ шуд.

Нахуст ҳисоботи роҳбарияти ширкати ТАЛКО шунида шуд. Чунонки зикр гардид, ҳоло бар асари бӯҳрони иқтисодию молиявӣ ва коҳиш ёфтани нархи алюминийи аввалия дар бозори ҷаҳонӣ бисёр корхонаҳои ин соҳа дар кишварҳои зиёд аз кор бозмондаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти аҳамияти ширкати ТАЛКО дар иқтисоди миллии кишвар ва нақши бузурги иҷтимоии он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои марбута дастур дод, ки барои дарёфти роҳҳои дастгирии давлатии ин ширкат чораҳои муассир андешанд.

Дастуру супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба таъмини муназзами аҳолӣ бо нерӯи барқ, гармӣ ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои нақлиётии ҷумҳурӣ дар фасли зимистон дода шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520