Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат озод намудани Комилов Ф.С.

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 11 майи cоли 2012 № 237
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи ректори Донишкадаи
соҳибкорӣ ва хизмат озод намудани
Комилов Ф.С.


Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Комилов Файзалӣ Саъдуллоевич бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон               Эмомалӣ Раҳмон

facebook
twitter

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит озод намудани Назаров У.С.

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 11 майи cоли 2012  № 238
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи ректори Донишкадаи
исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа
Нӯъмон ибни Собит озод намудани Назаров У.С.

facebook
twitter

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев озод намудани Ҷангибеков Г.

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 11 майи cоли 2012  № 239
ш. Душанбе
 

Дар бораи аз вазифаи ректори Донишгоҳи
давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев
озод намудани Ҷангибеков Г.

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ҷангибеков Гулхоҷа бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

facebook
twitter

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон озод намудани Каримов О.Қ.

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 11 майи cоли 2012  № 240
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи ректори Донишгоҳи
давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
озод намудани Каримов О.Қ.


Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Каримов Осим Қосимович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

facebook
twitter

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озод намудани Набиев В.М.

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 11 майи cоли 2012  № 241
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи ректори Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
озод намудани Набиев В.М.


Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Набиев Ваҳоб Машрафович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

facebook
twitter

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таъин намудани Ҷӯрабоев Ҷ.Ҳ.

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 11 майи cоли 2012  № 242
ш. Душанбе

Дар бораи ректори Донишгоҳи давлатии
ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
таъин намудани Ҷӯрабоев Ҷ.Ҳ.

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ҷӯрабоев Ҷамшед Ҳабибуллоевич ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

facebook
twitter

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъин намудани Мирбобоев Р.М.

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 11 майи cоли 2012  № 243
ш. Душанбе

Дар бораи ректори Донишкадаи молия ва
иқтисоди Тоҷикистон таъин намудани
Мирбобоев Р.М.



Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Мирбобоев Раҳматулло Мадаюбович ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

facebook
twitter

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъин намудани Усмонов Ғ.Ҳ.

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 11 майи cоли 2012  № 244
ш. Душанбе

Дар бораи ректори Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
таъин намудани Усмонов Ғ.Ҳ.


Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Усмонов Ғафур Ҳасанович ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъин карда шавад.

Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

facebook
twitter

Мулоқот бо Директори иҷроияи Бонки осиёии рушд Ашок Кумар Лаҳирӣ

Мулоқот бо Директори иҷроияи Бонки осиёии рушд Ашок Кумар Лаҳирӣ

09.05.2012 18:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори иҷроияи Бонки осиёии рушд Ашок Кумар Лаҳириро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба барномаи таҳияшавандаи ҳамкории Тоҷикистону Бонки осиёии рушд барои солҳои 2012-2014 зоҳир карда шуд. Тавре зикр гардид, барномаи мазкур дар ҳаҷми 250 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ ба Тоҷикистонро пешбинӣ менамояд. Ин маблағҳо ба беҳсозии шабакаи роҳу нақлиёт, амнияти энергетикӣ, рушди бахши хусусӣ ва ҳамкории минтақавӣ равона мегарданд.

facebook
twitter

Тантанаҳои Рӯзи Ғалабаи бузург дар шаҳри Душанбе

Тантанаҳои Рӯзи Ғалабаи бузург дар шаҳри Душанбе

09.05.2012 11:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар боғи Ғалабаи пойтахт бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори солгарди 67-уми Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 маросими тантанавии гулчанбаргузорӣ ва расми гузашти низомӣ баргузор гардид.

Ба ин муносибат дар ин ҷо роҳбарияти давлату ҳукумат, шумораи зиёди собиқадорони ҷангу меҳнат, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, намояндагони сершумори ҷавонону аҳли ҷамоати пойтахт ҷамъ омада, ҷузъу томҳои низомии қушунҳои ҳарбии гарнизони Душанбе ба таври идона саф оростанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520