Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба рушди устувор Рейчел Кайт

Мулоқот бо Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба рушди устувор Рейчел Кайт

22.06.2012 01:00, Бразилия

Дар ҳошияи Конфронси СММ оид ба рушд дар Рио-де-Жанейро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба рушди устувор Рейчел Кайт мулоқоти судбахш анҷом дод.

Рейчел Кайт ба муҳтавои суханронии Сарвари давлати Тоҷикистон дар ҷаласаи умумии Конфронси Рио-20 баҳои баланд дода, пешниҳодҳои ӯро дар бахши энергетика ва доир ба роҳҳои рушди устувор сазовори дастгирии байналмилалӣ номид.

facebook
twitter

Раисии Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи умумии Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушд

Раисии Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи умумии Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушд

22.06.2012 00:30, Бразилия

Рӯзи 21-уми июн қисмати зиёди ҷаласаи умумии Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушд таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт.

Ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вогузор намудани раисӣ дар ин ҳамоиши бузурги ҷаҳонӣ, албатта нишона аз нуфузу эътибори байналмилалии ӯ чун роҳбари кишвари ташаббускори ҳаллу фасли мушкилоти зиёди глобалӣ доир ба об ва санитария, пешгирӣ аз гармшавии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва ҳамчунин чун роҳбари кишвари пешсаф дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола мебошад.

facebook
twitter

Суханронӣ дар ҷаласаи умумии Конфронси СММ оид ба рушди устувор

Суханронӣ дар ҷаласаи умумии Конфронси СММ оид ба рушди устувор

21.06.2012 08:00, Бразилия

Мӯҳтарам ҷаноби Раис,
Мӯҳтарам Дабири Кулли СММ,
Хонумҳо ва ҷанобони мӯҳтарам,

Раванди РИО ба ҳукуматҳо барои ҷалби таваҷҷӯҳи худ ба ҳалли масъалаҳои ҳаётии марбут ба рушди устувор такони бузург дод.

Тайи ду даҳсолаи гузашта роҳи калоне тай шуда, вале на ҳамаи вазифаҳо ҳал гардиданд.

Таҷрибаи муштарак нишон медиҳад, ки ҳалли масъалаҳои мубрами рушди устувор фақат бо саъю кӯшишҳои умумӣ ва густариши равобити ҳамкорӣ имконпазир аст.

facebook
twitter

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи умумии Конфронси СММ оид ба рушди устувор

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи умумии Конфронси СММ оид ба рушди устувор

21.06.2012 08:00, Бразилия

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи умумии Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ифтитоҳ гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Бояд тазаккур дод, ки Конфронсро Дабири кулли СММ Пан Ги Мун ҳусни оғоз бахшид. Конфронс бо як овоз Президенти Бразилия Дилма Русефро раиси Конфронс ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро яке аз муовинони у интихоб намуд.

facebook
twitter

Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов

Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов

21.06.2012 08:00, Бразилия

20 июн дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия дар чаҳорчӯби иштирок дар Конфронси Рио+20 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот доир намуд.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва минтақавию байналмилалии ду кишвар баррасӣ шуд.

Бо мақсади таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд, ҷонибҳо ҳалли масъалаҳои марбут ба имзои лоиҳаҳои омодашудаи санадҳо доир ба соҳаҳои мухталифи ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишнома оид ба асосҳои муносибатҳои байнидавлатиро зарур шумурданд.

facebook
twitter

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи мизи мудаввари Конфронси СММ оид ба рушди устувор

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи мизи мудаввари Конфронси СММ оид ба рушди устувор

21.06.2012 08:00, Бразилия

Рӯзи 20-уми июн Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дар ҷаласаи мизи мудаввари Конфронси СММ оид ба рушди устувор иштирок ва суханронӣ намуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон бо таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба мушкилоти вобаста ба афзоиши аҳолии сайёра, тағйироти глобалии иқлим, бӯҳронҳои молиявӣ, энергетикӣ ва озуқаворӣ, таъкид дошт, ки «ҳадафҳои рушди устувор барои муддати дароз бояд мушаххасу шаффоф бошанд ва аз ҳама муҳимтараш, ба қонеъ намудани ниёзҳои табақаҳои аз ҳама осебпазири мардум ва занону кӯдакон равона гарданд».

facebook
twitter

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун

21.06.2012 07:00, Бразилия

Имрӯз дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия дар доираи иштирок дар Конфронси Рио+20 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун мулоқот намуд.

Зимни сӯҳбат масъалаҳои ҳамкории гуногунҷанбаи кишвар бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳоду муассисаҳои сершумори он муҳокима гардиданд.

Дар оғози мулоқот Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки «ҷониби Тоҷикистон аз сатҳи олии ҳамкории худ бо Созмони Милали Муттаҳид, ки чанде пеш мо бистумин солгарди онро ҷашн гирифтем, қаноатманд аст».

facebook
twitter

Иштирок ва суханронӣ дар чорабинии якҷояи ЮНЕСКО ва механизми «СММ-Об» оид ба масоили соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об

Иштирок ва суханронӣ дар чорабинии якҷояи ЮНЕСКО ва механизми «СММ-Об» оид ба масоили соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об

20.06.2012 09:00, Бразилия

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи умумии Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор вориди шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия гардид.

Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии якҷояи ЮНЕСКО ва механизми «СММ-Об» оид ба масоили соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ кард.

facebook
twitter

Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Федеративии Бразилия

Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Федеративии Бразилия

18.06.2012 09:30

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Конференсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор ба Ҷумҳурии Федеративии Бразилия сафар кард.

facebook
twitter

Барқияи таъзия ба Шоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ

Барқияи таъзия ба Шоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ

18.06.2012 09:00

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ Абдулло ибни Абдулазиз оли Сауд бо сабаби вафоти Валиаҳд-Муовини раиси Шӯрои вазирон, Вазири корҳои дохилии мамлакат Амир Ноиф ибни Абдулазиз оли Сауд барқияи таъзия ва тасаллият фиристод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520