Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири нави Британияи Кабир дар Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири нави Британияи Кабир дар Тоҷикистон

26.04.2012 12:30, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз Сафири нави Британияи Кабир дар Тоҷикистон Робин Ҷереми Орд - Смит эътимоднома қабул намуд.

Дар мулоқот, ки пас аз маросими эътимодномасупорӣ ҷараён гирифт, масоили ҳамкории Тоҷикистону Британияи Кабир баррасӣ шуд.

facebook
twitter

Қабули эътимоднома аз Сафири нави Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири нави Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон

26.04.2012 12:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Карим огли Гасанов эътимоднома қабул намуд.
Зимни суҳбат, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ сурат гирифт, ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ шуд.

“Мо Ҷумҳурии Озарбойҷонро яке аз шарикони муҳими хеш дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил медонем», - изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

facebook
twitter

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров

24.04.2012 14:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот паҳлӯҳои гуногуни муносибот ва ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.

Бо ишора ба хислати стратегӣ ва дарозмуддати шарикии Тоҷикистону Русия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: «Тоҷикистон маҷмӯи пурраи шарикӣ бо Русияи аз ҳама ҷиҳат ба мо наздикро самти муҳимтарини сиёсати хориҷии худ мешуморад. Мо ба таҳким ва густариши бештари чунин шарикӣ ҳамаҷониба манфиатдорем».

facebook
twitter

Барқияи шодбошии Президенти Муғулистон

Барқияи шодбошии Президенти Муғулистон

24.04.2012 11:30

Президенти Муғулистон Тсаҳиагийн Элбегдорж унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин гуфта мешавад:

« Мӯҳтарам ҷаноби Президент,

Ба муносибати 20 – солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни кишварҳоямон аз номи халқи Муғулистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва халқи дӯсти тоҷикро самимона муборакбод менамоям.

facebook
twitter

Барқияи шодбошӣ ба Президенти Муғулистон

Барқияи шодбошӣ ба Президенти Муғулистон

24.04.2012 11:30

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии Президенти Муғулистон Тсаҳиагийн Элбегдорж барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Басо шарафмандам, ки ба муносибати бистсолагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон Шуморо самимона муборакбод намуда ва орзӯҳои беҳтаринро иброз дорам.

facebook
twitter

Барқияи шодбошии Президенти Украина

Барқияи шодбошии Президенти Украина

24.04.2012 09:30

Президенти Украина Виктор Янукович унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин омадааст:

«Мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович !

Ба муносибати 20 – умин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни Украина ва Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимонаро аз номи халқи Украина ва шахсан аз ман қабул фармоед.

facebook
twitter

Барқияи шодбошии Эмомалӣ Раҳмон ба Виктор Янукович

Барқияи шодбошии Эмомалӣ Раҳмон ба Виктор Янукович

24.04.2012 09:30

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии Президенти Украина Виктор Янукович барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин гуфта мешавад:

«Мӯҳтарам Виктор Фёдорович,

Бистумин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина ба ман имконияти гуворо медиҳад, ки табрикоти самимонатарин ва орзуҳои беҳтаринамро ба Шумо ирсол дорам.

facebook
twitter

Маҷлиси васеи Ҳукумати кишвар

Маҷлиси васеи Ҳукумати кишвар

20.04.2012 20:40, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯз дар толори калони Кохи Ваҳдати пойтахт таҳти раёсати Президенти кишвар, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи якуми соли равон ва вазифаҳои минбаъда баррасӣ шуд.

facebook
twitter

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

20.04.2012 14:00, шаҳри Душанбе

facebook
twitter

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

20.04.2012 13:00, шаҳри Душанбе

Мӯҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва
вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!

Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар дар соли таҷлили ду санаи бузургу тақдирсози давлати Тоҷикистон, яъне бистсолагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва понздаҳсолагии Рӯзи ваҳдати миллӣ пешниҳод мегардад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520