Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

12.04.2001 15:00, шаҳри Душанбе

12 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир намуд.

facebook
twitter

Мулоқот бо вазири саноат, илм ва технологияи Федератсияи Россия Александр Дондуков

Мулоқот бо вазири саноат, илм ва технологияи Федератсияи Россия Александр Дондуков

12.04.2001 11:00, шаҳри Душанбе

12 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамраиси комиссияи Тоҷикистону Россия оид бо ҳамкории иқтисодӣ, вазири саноат, илм ва технологияи Федератсияи Россия Александр Дондуков мулоқот намуд.

facebook
twitter

Мулоқот бо вазири ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Федератсияи Россия Сергей Шойгу

Мулоқот бо вазири ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Федератсияи Россия Сергей Шойгу

09.04.2001 14:00, шаҳри Душанбе

9 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Федератсияи Россия Сергей Шойгу мулоқот кард.

Дар ҷараёни мулоқот ба масъалаҳои ривоҷи ҳамкориҳои дуҷониба диққати ҷиддӣ дода шуд.

facebook
twitter

Мулоқот бо намояндаи хоси Раиси Ҷумҳурии Халқии Чин Лю Гучан

Мулоқот бо намояндаи хоси Раиси Ҷумҳурии Халқии Чин Лю Гучан

05.04.2001 14:00, шаҳри Душанбе

5 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи хоси Раиси Ҷумҳурии Халқии Чин Лю Гучанро қабул намуд.

Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки Форуми Шанхай дар таҳкими боварӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамдастӣ, ҳамчунин дар инкишофи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии байни мамлакатҳои иштирокдор мавқеи муҳимро ишғол карда меояд.

facebook
twitter

Мулоқот бо Дабири Кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Абдураҳим Гувоҳи

Мулоқот бо Дабири Кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Абдураҳим Гувоҳи

29.03.2001 14:00, шаҳри Душанбе

29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири Кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Абдураҳим Гувоҳиро, ки бори нахуст ба Тоҷикистон ташриф овардааст, қабул намуд.

Дар рафти вохӯрӣ , ки дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ гузашт, масъалаҳои ҳолат ва дурнамои ҳамкории бисёрҷонибаи иқтисодӣ дар доираи Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, ки 10 мамлакат – давлатҳои Осиёи Марказӣ, Туркия, Эрон, Афғонистон ва Озарбойҷонро муттаҳид месозад, мавриди муҳокима қарор дода шуд.

facebook
twitter

Сӯҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

Сӯҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

27.03.2001 14:00, шаҳри Душанбе

27 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.

Дар ҷараёни сӯҳбат Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар баробари баррасии мавзӯоти марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба, таваҷчӯҳи асосиро ба масъалаҳои таҳкиму суботи амнияти минтақавӣ ва ҳифзи марзҳои ҷанубии ИДМ дар қисмати сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон равона сохтанд.

facebook
twitter

Мулоқот бо зиёиёни мамлакат

Мулоқот бо зиёиёни мамлакат

24.03.2001 12:00, шаҳри Душанбе

24 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни мамлакат мулоқот кард.

Зимни суханрониаш Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қайд намуд, ки рушду пешрафти ҷомеа имрӯзҳо дар маркази диққати мардуми кишвар аст.

facebook
twitter

Иштирок дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба садсолагии рӯзи таваллуди ду карат Қаҳрамони меҳнат Саидхоҷа Урунхоҷаев дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд

Иштирок дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба садсолагии рӯзи таваллуди ду карат Қаҳрамони меҳнат Саидхоҷа Урунхоҷаев дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд

23.03.2001 14:00, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

23 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд рафт.

23 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тадбирҳои тантанавии бахшида ба садсолагии рӯзи таваллуди ходими машҳури соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ, раиси номдори колхоз, ду карат Қаҳрамони меҳнат Саидхоҷа Урунхоҷаев ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд омад.

facebook
twitter

Иштирок дар тантанаҳои наврӯзии ҷумҳуриявӣ

Иштирок дар тантанаҳои наврӯзии ҷумҳуриявӣ

22.03.2001 14:00, шаҳри Душанбе

22 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои наврӯзии ҷумҳуриявӣ, ки дар ипподроми шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ кард. Дар тантанаҳои наврӯзӣ меҳмонон аз тамоми гӯшаву канори кишварҳои олам, сокинони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни тантанаҳои наврӯзиро муборакбод намуда, ба ҳамаи онҳо дар ин иди баҳор файзу баракатро таманно кард.

facebook
twitter

Қабули эътимоднома аз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон У Хунбин

Қабули эътимоднома аз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон У Хунбин

19.03.2001 10:00, шаҳри Душанбе

19 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон У Хунбинро қабул намуд.

Президенти Тоҷикистон зикр намуд, ки дар мамлакати мо таҷрибаи Чин оид ба ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҷалб намудани сармояи хориҷӣ ва маданияти заминдорӣ омӯхта мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520