Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯҳбати телефонӣ бо иҷрокунандаи вазифаи Президент, Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Владимир Путин

Сӯҳбати телефонӣ бо иҷрокунандаи вазифаи Президент, Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Владимир Путин

03.01.2000 16:00, шаҳри Душанбе

3 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иҷрокунандаи вазифаи Президент, Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Владимир Путин сӯҳбати телефонӣ дошт.

Дар рафти сӯҳбати телефонӣ ба баъзе самтҳои муносибатҳои ҳамкории дуҷониба дахл карда шуд.

facebook
twitter

Паёми табрикӣ ба муносибати фарорасии Соли 2000-ум

Паёми табрикӣ ба муносибати фарорасии Соли 2000-ум

01.01.2000 00:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Баъди фурсате соли ҳазору нӯҳсаду наваду нӯҳ бо мову шумо хайрбод гуфта, ба арсаи таърих Соли нави дуҳазорум — соли охирин ва ҷамъбасткунандаи асри XX қадам мегузорад.

Дар ин лаҳзаҳои сурурбахш инсоният ба ҳудуди ду давраи фаромӯшнашавадаи таърихӣ—интиҳои ҳазорсолаи дуюми милодӣ ва оғози ҳазорсолаи сеюм ворид мегардад.

facebook
twitter

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

24.11.1992 18:00, шаҳри Хуҷанд

24 ноябр иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи гурезагон", "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" имзо намуд.

facebook
twitter

Ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи даровардани тағйирот ба Кодекси никоҳ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи даровардани тағйирот ба Кодекси никоҳ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

23.11.1992 15:00, шаҳри Хуҷанд

23 ноябр иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи даровардани тағйирот ба Кодекси никоҳ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро имзо кард.

facebook
twitter

Номаҳои шодбошӣ аз роҳбарияти давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Ӯзбекистон ва созмонҳои хориҷӣ

Номаҳои шодбошӣ аз роҳбарияти давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Ӯзбекистон ва созмонҳои хориҷӣ

21.11.1992 11:00, шаҳри Хуҷанд

21 ноябр ба Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Аскар Акаев, Раиси Шӯрои Олии Федератсияи Россия, Раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ Руслан Хасбулатов, ноиби Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Феликс Қулов, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Юлдошев ба муносибати ба мақоми Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданаш барқияҳои табрикӣ ворид гаштанд.

Аз он ҷумла дар номаҳои табрикӣ омадааст:

facebook
twitter

Ба имзо расидани Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи интихоби раисони кумитаҳо ва комиссияҳои доимии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Ба имзо расидани Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи интихоби раисони кумитаҳо ва комиссияҳои доимии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

21.11.1992 10:00, шаҳри Хуҷанд

21 ноябр Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи интихоби раисони кумитаҳо ва комиссияҳои доимии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" имзо гузошт.

facebook
twitter

Ба имзо расидани як қатор қарорҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як қатор қарорҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

20.11.1992 15:00, шаҳри Хуҷанд

20 ноябр Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қарорҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гузошт.

Мувофиқи қарорҳои мазкур Абдумалик Абдуллоҷонов Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қозидавлат Қоимдодов ва Хуҷааҳмад Хидиралиев муовинони Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

facebook
twitter

Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи аризаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Набиев"

Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи аризаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Набиев"

20.11.1992 13:00, шаҳри Хуҷанд

20 ноябр Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи аризаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Набиев" имзо гузошт.

Мувофиқи қарори мазкур Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи шифоҳии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Набиевро дар бораи он ки вай ба мақсади бас шудани хунрезӣ, ҷанги бародаркушӣ, мӯътадил шудани вазъи ҷамъиятию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истеъфо меравад, баррасӣ намуда, истеъфои Раҳмон Набиевро аз вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намуд.

facebook
twitter

Машварати корӣ бо кормандони дафтари Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ бо кормандони дафтари Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

20.11.1992 12:00, шаҳри Хуҷанд

20 ноябр Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони дафтари Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вобаста ба Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ба Хуҷанд омаданд, машварат орост.

Дар машварат сухан дар бораи корҳои ташкилию техникии иҷлосия ва масъулияти кормандони дафтари Раёсати Шӯрои Олӣ рафт.

Эмомалӣ Раҳмон мулоҳизаҳояшро дар бораи интихоботи раисони нави Кумитаҳои Шӯрои Олӣ ва аъзои Раёсати он баён карда, аз нақши воситаҳои ахбори умум ва махсусан телевизион ва радио дар масъалаи беҳбудии вазъи ҷумҳурӣ изҳори ақида кард.

facebook
twitter

Муроҷиатнома ба Сарони давлатҳои Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон

Муроҷиатнома ба Сарони давлатҳои Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон

19.11.1992 18:00, шаҳри Душанбе

19 ноябр Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарони давлатҳои Федератсияи Россия - Борис Николаевич Елсин, Қазоқистон - Назарбоев Нурсултон Абишевич, Қирғизистон - Акаев Аскар Акаевич ва Ӯзбекистон - Каримов Ислом Абдуғаниевич муроҷиатнома ирсол кард, ки дар он гуфта мешавад:

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520