Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Бохтар

Сафари корӣ ба ноҳияи Бохтар

20.07.2001 12:00, ноҳияи Кӯшониён

20 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва ҷараёни тайёрӣ ба ҷашни истиқлолияти давлатӣ ба вилояти Хатлон рафт.

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Бохтар оғоз гардид. Эмомалӣ Раҳмон, қабл аз ҳама, бо ҷараёни кор дар хоҷагии ба номи Файзалӣ Саидов шинос шуд. Сарвари давлат дар агроучасткаи ба номи Муродалӣ Маҳмадшоев ба ҷараёни гул кардани пахта ва ҳосилнокии он мароқ зоҳир намуд.

facebook
twitter

Мулоқот бо фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Мулоқот бо фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

17.07.2001 18:00, шаҳри Хоруғ

17 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Ҳукумати ВМКБ бо иштироки фаъолон ва роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳо машварати корӣ гузаронд.

facebook
twitter

Сафари корӣ ба шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Сафари корӣ ба шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

17.07.2001 12:00, шаҳри Хоруғ

17 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари корӣ анҷом дод.

facebook
twitter

Машварати корӣ бо фаъолони вилояти Суғд

Машварати корӣ бо фаъолони вилояти Суғд

14.07.2001 17:00, шаҳри Хуҷанд

14 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар хотимаи сафар дар маҷлисгоҳи Ҳукумати вилояти Суғд бо иштироки роҳбарони ҳукумати вилоят, шаҳру ноҳияҳои он, мақомоти низомӣ ва муҳофизони қонуну тартибот машварат доир намуд. Дар машварат рафти иҷрои фармонҳои Президент, қарорҳои ҳукумат, ҷаласаҳои машваратӣ, дархостҳои дар мулоқот бо зиёиёни кишвар зикргардида мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

facebook
twitter

Шиносоӣ бо фаъолияти Ҷамъияти саҳҳомии "Шарбати Қистакӯз"

Шиносоӣ бо фаъолияти Ҷамъияти саҳҳомии "Шарбати Қистакӯз"

14.07.2001 12:00, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

14 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафар карда, бо фаъолияти Ҷамъияти саҳҳомии "Шарбати Қистакӯз" шинос гардид. Сардори давлат ба фаъолияти коргарони корхона баҳои баланд дода, зикр кард, ки неъмати боғу полезҳоро ба манфиати мардум истифода бурдан хеле муҳим ва манфиатовар аст.

facebook
twitter

Сафари корӣ ба шаҳри Хуҷанд

Сафари корӣ ба шаҳри Хуҷанд

13.07.2001 19:00, шаҳри Хуҷанд

13 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд ташриф овард.

facebook
twitter

Сафари корӣ ба ноҳияи Исфара

Сафари корӣ ба ноҳияи Исфара

13.07.2001 15:00, шаҳри Исфара

13 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъд аз нисфирӯз ба ноҳияи Исфара ташриф овард.

Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагии тухмипарварии ба номи Ҳамрохӯҷа Мукаррамови ноҳияи Исфара шинос шуд. Ҳини сӯҳбат аз ҳамкории самарабахши олимон ва мутахассисони соҳаҳои ҳоҷагии халқи вилоят, ки дар иртибот бо мутахассисони хориҷӣ навъҳои нави дарахтони мевадиҳанда ва дигар зироатҳоро ба вуҷуд овардаанд, изҳори қаноатмандӣ намуд.

facebook
twitter

Сафари корӣ ба ноҳияи Конибодом

Сафари корӣ ба ноҳияи Конибодом

13.07.2001 12:00, шаҳри Конибодом

13 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Суғд боздиди корӣ ба амал овард.

Шиносоии Сардори давлат бо вазъияти иҷтимоию иқтисодии вилоят аз ноҳияи Конибодом оғоз ёфт. Ҳангоми ташриф ба Ҷамъияти саҳҳомии "Шоҳон", ки яке аз корхонаҳои бузургтарини коркарди нафт маҳсуб мегардад, Эмомалӣ Раҳмон ба муассисон ва мутахассисони корхонаи мазкур изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама гуна ташаббусро, ки ба манфиати халқ ва давлат равона гардидааст, ҳамеша дастгирӣ хоҳад кард.

facebook
twitter

Мулоқот бо директори ширкати байналхалқии аудитории "Прайсуотерхаускуперс Н.В." Рулоф Лотсе

Мулоқот бо директори ширкати байналхалқии аудитории "Прайсуотерхаускуперс Н.В." Рулоф Лотсе

12.07.2001 15:00, шаҳри Душанбе

12 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо директори ширкати байналхалқии аудитории "Прайсуотерхаускуперс Н.В." Рулоф Лотсе мулоқот кард.

facebook
twitter

Мулоқот бо вазири саноат, илм ва технологияи Федератсияи Россия Александр Дондуков

Мулоқот бо вазири саноат, илм ва технологияи Федератсияи Россия Александр Дондуков

11.07.2001 14:00, шаҳри Душанбе

11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамраиси комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, вазири саноат, илм ва технологияи Федератсияи Россия Александр Дондуков мулоқот намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520