Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари расмӣ ба Украина

Сафари расмӣ ба Украина

06.07.2001 14:00

5 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Украина ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ сафар кард.

5 июл дар Қасри Мариин дар пойтахти Ҷумҳурии Украина маросими расмии пазироии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

facebook
twitter

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30.06.2001 10:00, шаҳри Душанбе

30 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир намуд.

Маҷлис чун анъана аз баррасии масъалаи кадрҳо оғоз ёфт.

Яке аз масъалаҳои асосии дар маҷлис муҳокимашуда ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии хоҷагии халқи ҷумҳурӣ дар давоми нимаи аввали соли 2001 буд.

facebook
twitter

Қабули эътимоднома аз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Чехия Ярослав Лудва

Қабули эътимоднома аз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Чехия Ярослав Лудва

27.06.2001 10:00, шаҳри Душанбе

27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Чехия Ярослав Лудваро қабул намуд.

Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷахои сафараш ба Чехия дар соли гузашта изҳори қаноатмандӣ намуд.

Сарвари давлат зикр кард, ки Ҷумҳурии Чехия аз аввалин давлатҳои Аврупои Шарқӣ мебошад, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда буд.

facebook
twitter

Паёми табрикӣ ба муносибати солгарди чоруми имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба муносибати солгарди чоруми имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон

27.06.2001 10:00, шаҳри Душанбе

27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати солгарди чоруми имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро табрик кард.

Дар паёми табрикии Сарвари давлат аз ҷумла омадааст:

27 июн аз рӯзи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон чор сол мегузарад, яъне ниҳоли сулҳи саросари Ватани азизамон чорсола мешавад.

facebook
twitter

Мулоқот бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Анатолий Касяненко

Мулоқот бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Анатолий Касяненко

23.06.2001 14:00, шаҳри Душанбе

23 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Анатолий Касяненкоро қабул намуд.

Зимни вохӯрӣ табодули назари муфиду гуногунпаҳлӯ оид ба ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ду давлат баргузор гардид.

Дар ин васила маҷмӯи масъалаҳои марбут ба тайёрии сафари нахустини расмии Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Украина дар даҳаи аввали моҳи июли соли 2001 дида баромада шуданд.

facebook
twitter

Ба имзо расидани як қатор Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як қатор Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

21.06.2001 10:00, шаҳри Душанбе

21 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи аз вазифаи ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон озод намудани Ҷобиров Б.С." ва "ба вазифаи ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон таъин намудани Маҳмадов А.Н." қарор ба имзо расонд.

facebook
twitter

Мулоқот бо ҳайати намояндагони Шӯрои директорони Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд

Мулоқот бо ҳайати намояндагони Шӯрои директорони Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд

18.06.2001 14:00, шаҳри Душанбе

18 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати намояндагони Шӯрои директорони Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушдро қабул намуд.

Зимни вохӯрӣ табодули назари муфиду созанда атрофи самтҳои асосӣ ва самарабахши инкишофи ҳамкориҳои дорои манфиати тарафайн байни Тоҷикистон ва бонки мазкур дар ояндаи наздик баргузор гашт.

facebook
twitter

Иштирок дар ҷаласаи васеъи саммити давлатҳои "Панҷгонаи Шанхай"

Иштирок дар ҷаласаи васеъи саммити давлатҳои "Панҷгонаи Шанхай"

15.06.2001 18:00, Чин

15 июн дар Шанхай вохӯрии 6 давлат дар шакли ҷаласаи ҳайати васеъ идома дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласа оид ба масъалаҳои муҳокимашаванда сухан намуд

Пас аз анҷоми ҷаласа маросими ба имзо расонидани "Эъломия дар бораи таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай" ва "Конвенсияи Шанхай оид ба мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм" ва бо намояндагони матбуот вохӯрӣ баргузор гашт.

facebook
twitter

Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Халқии Чин Тсзян Тсземин

Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Халқии Чин Тсзян Тсземин

14.06.2001 17:00, Чин

14 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон то оғози вохӯрии сарони давлатҳои "Панҷгонаи Шанхай" дар доираи маҳдуд ва дар вазъияти ғайрирасмӣ бо Раиси Ҷумҳурии Халқии Чин Тсзян Тсземин вохӯрд.

Дар рафти вохӯрӣ доираи васеи масъалаҳои дорои таваҷҷӯҳи тарафайн муҳокима гардиданд.

Сарони давлатҳо зарурати таҳкими ҳамдастиро дар мубориза бар зидди чунин ҷиноятҳои миқёси баналхалқӣ, чун ҷудоиандозӣ, терроризм ва экстремизм зикр намуданд.

facebook
twitter

Муосоҳиба дар телевизиони марказии Ҷумҳурии Халқии Чин

Муосоҳиба дар телевизиони марказии Ҷумҳурии Халқии Чин

14.06.2001 15:00, Чин

14 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар телевизиони марказии Ҷумҳурии Халқии Чин ба саволҳои хабарнигорони он оид ба муносибатҳои дуҷонибаи миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Чин посух гуфт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520