Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Молдова Владимир Воронин

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Молдова Владимир Воронин

31.05.2001 14:00, Беларус

31 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи муваққатии худ дар Минск - "Заславл-3" бо Президенти Ҷумҳурии Молдова Владимир Воронин вохӯрд.

Зимни вохӯрии дӯстона ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Молдова дар заминаи дуҷониба ва дар доираи ИДМ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

facebook
twitter

Сафари корӣ ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус

Сафари корӣ ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус

31.05.2001 08:00, шаҳри Душанбе

31 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ширкат дар нахустмаҷлиси Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Евразия (ЕврАзЭС) ба шаҳри Минск сафар кард.

facebook
twitter

Машварати корӣ доир ба тараққиёти соҳаи кишоварзию саноатии мамлакат

Машварати корӣ доир ба тараққиёти соҳаи кишоварзию саноатии мамлакат

26.05.2001 12:00, шаҳри Душанбе

26 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуд, ки он ба масъалаи вазъияти имрӯза ва тараққиёти соҳаи кишоварзию саноатии мамлакат бахшида шуд.

Президенти мамлакат ҳисоботи муовини сарвазири ҷумҳурӣ Қозидавлат Қоимдодов ва роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, муттасадиёни вазъияти корҳо дар соҳаи кишоварзию саноатӣ ва таъмини мустақилият ва амнияти озуқаи мамлакатро баррасӣ ва таҳлил намуд.

facebook
twitter

Иштирок дар мулоқоти сардорони давлатҳои аъзои Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар ҳайатҳои маҳдуд

Иштирок дар мулоқоти сардорони давлатҳои аъзои Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар ҳайатҳои маҳдуд

25.05.2001 12:00, Арманистон

25 май мулоқоти сардорони давлатҳои аъзои Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар ҳайатҳои маҳдуд ва мукаммал сурат гирифт ва бо иштироки онҳо маросими имзои ҳуҷҷатҳои таҳияшуда баргузор шуд.

facebook
twitter

Мулоқот бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

Мулоқот бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

25.05.2001 10:00, Арманистон

25 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ереван бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот намуд.

Вохӯрӣ дар ваъияти ғайрирасмӣ ба вуқӯъ пайваст.

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ба қарорҳои дар иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамӣ ба имзо тайёр гардида оид ба ташкили қувваҳои зудамали дастаҷамъӣ дар Осиёи Марказӣ баҳои баланд доданд.

facebook
twitter

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Арманистон Роберт Кочерян

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Арманистон Роберт Кочерян

24.05.2001 14:00, Арманистон

24 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Арманистон Роберт Кочерян мулоқот намуд.

Ҳангоми мулоқот ҷонибҳо таҳлили умумии муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Арманистонро дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ баррасӣ ва таҳлил намуданд.

Зикр гардид, ки дар муддати солхои 1992-2001 Тоҷикистон ва Арманистон 10 ҳуҷҷати ҳамкориҳои дуҷонибаро ба имзо расонидаанд.

facebook
twitter

Иштирок дар Саммити давлатҳои аъзои Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ

Иштирок дар Саммити давлатҳои аъзои Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ

24.05.2001 12:00, Арманистон

24 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити давлатҳои аъзои Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

facebook
twitter

Сафари корӣ ба шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон

Сафари корӣ ба шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон

24.05.2001 08:00, шаҳри Душанбе

24 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар саммити давлатҳои аъзои Аҳднома оид ба амнияти дастаҷамъӣ ба пойтахти Ҷумҳурии Арманистон шаҳри Ереван сафар кард.

facebook
twitter

Муроҷиат ба Дабири Кулли СММ Кофи Аннан ва Директори Кулли ташкилоти Озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Жак Дюф

Муроҷиат ба Дабири Кулли СММ Кофи Аннан ва Директори Кулли ташкилоти Озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Жак Дюф

23.05.2001 14:00, шаҳри Душанбе

23 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Дабири Кулли СММ Кофи Аннан ва Директори Кулли ташкилоти Озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Жак Дюф муроҷиат намуда, хоҳиш кард, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи барояш басо душвор кӯмаки башардӯстона расонида, бо гандум, орд, равғани растанӣ, маҳсулоти ширӣ, қанд, ҳамчунин гандуми тухмӣ ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ таъмин намоянд.

Сардори давлат изҳори боварӣ намуд, ки масъалаи мазкур ҳалли мусбии худро меёбад.

facebook
twitter

Нома ба Президенти ИМА Ҷорҷ Буш, Канслери Олмон Герхард Шрёдер, Сарвазири Канада Жан Кретйен, Раиси комиссияи Иттиҳоди Аврупо Романо Проди

Нома ба Президенти ИМА Ҷорҷ Буш, Канслери Олмон Герхард Шрёдер, Сарвазири Канада Жан Кретйен, Раиси комиссияи Иттиҳоди Аврупо Романо Проди

22.05.2001 10:00, шаҳри Душанбе

22 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти ИМА Ҷорҷ Буш, Канслери Олмон Герхард Шрёдер, Сарвазири Канада Жан Кретйен, Раиси комиссияи Иттиҳоди Аврупо Романо Проди нома навишта, оид ба оқибатҳои хушксолӣ маълумот дод ва аз онҳо хоҳиш намуд, ки ба халқи Тоҷикистон кӯмаки амалӣ расонанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520