Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

Таъиноти кадрӣ

19.01.2000 09:00, шаҳри Душанбе

19 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба як силсила фармонҳо имзо кард, ки тибқи онҳо Тӯраҷонзода Ҳ.А. муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазиров З. муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷабов С. вазири маориф, Алимардонов Муродалӣ Муҳаммадиевич раиси Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд.

facebook
twitter

Иштирок дар Маҷлис бахшида ба 5 - солагии таъсиси Гвардияи Президентӣ

Иштирок дар Маҷлис бахшида ба 5 - солагии таъсиси Гвардияи Президентӣ

17.01.2000 14:00, шаҳри Душанбе

17 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлис бахшида ба 5 - солагии таъсиси Гвардияи Президентӣ суханронӣ намуд.

facebook
twitter

Эмомалӣ Раҳмон - узви фахрӣ ва профессори ифтихории фалсафаи Академияи умумиҷаҳонии тиббӣ

Эмомалӣ Раҳмон - узви фахрӣ ва профессори ифтихории фалсафаи Академияи умумиҷаҳонии тиббӣ

15.01.2000 14:00, шаҳри Душанбе

15 январ Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи узви фахрӣ ва профессори ифтихории фалсафаи Академияи умумиҷаҳонии тиббӣ интихоб гардиданаш диплом супорида шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо қарори Академияи умумиҷаҳонии тиббӣ ба узвияти фахрӣ ва профессори ифтихории ин даргоҳи маърифат пазируфта шуда, барои хизматҳои бузургаш дар роҳи таҳкими сулҳу амонӣ ва ҳиссаи калонаш дар инкишофи илм бо ситораи тиллои Алберт Швейсер сарфароз гардид.

facebook
twitter

Муроҷиат ба мардуми мамлакат ба муносибати ба рӯйхатгирии умумии аҳолӣ

Муроҷиат ба мардуми мамлакат ба муносибати ба рӯйхатгирии умумии аҳолӣ

15.01.2000 11:00, шаҳри Душанбе

15 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми мамлакат ба муносибати ба рӯйхатгирии умумии аҳолӣ муроҷиат кард.

Дар муроҷиат қайд гардидааст, ки барӯйхатгирии умумии аҳолӣ дар кишвар баъди эъломи истиқлолияти сиёсиву давлатӣ бори аввал сурат мегирад ва он моҳияти бузурги давлатӣ ва миллӣ дорад.

facebook
twitter

Таъиноти кадрӣ

Таъиноти кадрӣ

15.01.2000 09:00, шаҳри Душанбе

15 январ дар асоси фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Нозиров А.А. Вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуда, бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш Махсудов Д. аз вазифаи Вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид.

facebook
twitter

Мулоқот бо намояндаи хоси Котиби генералии СММ дар Тоҷикистон Иво Петров

Мулоқот бо намояндаи хоси Котиби генералии СММ дар Тоҷикистон Иво Петров

12.01.2000 11:00, шаҳри Душанбе

12 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи хоси Котиби генералии СММ дар Тоҷикистон Иво Петровро ба ҳузур пазируфт.

Зимни вохӯрӣ дар атрофи масъалаҳои вобаста ба давраи баанҷомрасии раванди сулҳ дар ҷумҳурӣ табодули назар карда шуд.

facebook
twitter

Таъиноти кадрӣ

Таъиноти кадрӣ

10.01.2000 09:00, шаҳри Душанбе

10 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони худ Қоимдодов Қозидавлатро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуд.

facebook
twitter

Паёми табрикӣ ба муносибати Иди саиди Фитр

Паёми табрикӣ ба муносибати Иди саиди Фитр

07.01.2000 18:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Мову шумо дар арафаи иди саиди Фитр, ки рӯзи ҳаштуми январ фаро мерасад ва бораи тамоми мардуми мусулмони олам мӯътабару муборак аст, қарор дорем. Ба ин муносибат ҳамаи шуморо самимона табрик гуфта, ба ҳамаатон умри дароз, саломатӣ, саодатмандӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу мекунам.

Дар ин рӯзи муборак ҳар кадоми мо бояд аз он шукрона кунем, ки иду ҷашнҳои милливу суннатиамонро чанд сол боз дар фазои сулҳу осоиш, якдигарфаҳмӣ ва дӯстию эҳтироми ҳамдигар истиқбол мегирем.

facebook
twitter

Таъини Бобоев Ғ. Ҷ. Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ-сардори идораи иқтисодии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъини Бобоев Ғ. Ҷ. Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ-сардори идораи иқтисодии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

07.01.2000 09:00

7 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ Бобоев Ғ.Ҷ.-ро Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ-сардори идораи иқтисодии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуд.

facebook
twitter

Сӯҳбати телефонӣ бо иҷрокунандаи вазифаи Президент, Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Владимир Путин

Сӯҳбати телефонӣ бо иҷрокунандаи вазифаи Президент, Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Владимир Путин

03.01.2000 16:00, шаҳри Душанбе

3 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иҷрокунандаи вазифаи Президент, Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Владимир Путин сӯҳбати телефонӣ дошт.

Дар рафти сӯҳбати телефонӣ ба баъзе самтҳои муносибатҳои ҳамкории дуҷониба дахл карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520