Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузориши телефонии раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

Гузориши телефонии раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

04.04.2012 14:00

Имрӯз ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳру ноҳияҳои Фархор, Данғара, Ёвон, Бохтар, Вахш, Хуросон, Ҷалолиддини Румӣ, Қумсангир,Ҷиликул, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Сарбанд доир ба рафти киштукори баҳорӣ, бунёди боғҳо, ҷамъбасти семоҳаи аввали соли равон ва корҳои ободонию созандагӣ телефонӣ гузориш доданд.

facebook
twitter

Мулоқот бо Фармондеҳи Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷеймс Маттис

Мулоқот бо Фармондеҳи Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷеймс Маттис

31.03.2012 09:00

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷеймс Маттисро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд.

Бо изҳори қаноатмандӣ аз ҳамгироии судбахши сохторҳои низомию амниятии ду кишвар дар муборизаи байналмилалӣ бар зидди терроризму ифротгароӣ ҳамзамон роҳҳои таҳким ва густариши ҳамкории минбаъда муҳокима гардид.

facebook
twitter

Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30.03.2012 17:30

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

facebook
twitter

Машварати корӣ

Машварати корӣ

29.03.2012 18:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони идораҳои назди Ҳукумат, масъулони Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат ва дигар шахсони дахлдор машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат масоили вобаста ба тезондани киштукори баҳорӣ, омодагӣ ба обхезию дигар офатҳои табиӣ ва вусъат додани кори корхонаҳои саноатӣ баррасӣ шуд.

Доир ба масоили номбурда гузориши Муовини сарвазири кишвар Муродалӣ Алимардон ва дигар шахсони масъул шунида шуд.

facebook
twitter

Машварати корӣ

Машварати корӣ

28.03.2012 19:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони идораҳои назди Ҳукумат, масъулони Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат ва дигар шахсони дахлдор машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат масоили вобаста ба тезондани киштукори баҳорӣ, омодагӣ ба обхезию дигар офатҳои табиӣ ва вусъат додани кори корхонаҳои саноатӣ баррасӣ шуд.

Доир ба масоили номбурда гузориши Муовини сарвазири кишвар Муродалӣ Алимардон ва дигар шахсони масъул шунида шуд.

facebook
twitter

Мулоқот бо Роҳбари Маркази Созмони Милали Муттаҳид дар Осиёи Марказӣ оид ба дипломатияи пешгирикунанда Мирослав Енча

Мулоқот бо Роҳбари Маркази Созмони Милали Муттаҳид дар Осиёи Марказӣ оид ба дипломатияи пешгирикунанда Мирослав Енча

27.03.2012 13:21

Зимни мулоқот бо Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари Маркази ин созмон дар Осиёи Марказӣ оид ба дипломатияи пешгирикунанда Мирослав Енча изҳори умед намуд, ки санадҳои дар ин конфронс қабулшаванда ба бартарафсозии мушкилу монеаҳои ҳамкории минтақавӣ мусоидати фаъол мекунад.

Мирослав Енча таъкид дошт, ки Маркази Созмони Милали Муттаҳид дар Осиёи Марказӣ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои чунин ҳадафҳои судбахш аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда истифода мекунад.

facebook
twitter

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Ламберто Заньер

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Ламберто Заньер

27.03.2012 13:00

Суҳбати пурмуҳтаво бо Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Ламберто Заньер баргузор гардид.

Ламберто Заньер барои ташкили шароити хуби кории конфронси 5-уми РЕККА, ки аҳамияти бузург ба кулли минтақа дорад, ба Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон изҳори сипос кард.

Аз ҷараёни кунунӣ ва дурнамои ҳамгироии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар ҳама се самти авлавиятноки фаъолияти ин созмон – сиёсию амниятӣ, иқтисодию экологӣ ва гуманитарӣ арзи қаноат карда шуд.

facebook
twitter

Мулоқот бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мисри Араб Муҳаммад Ҳиҷозӣ

Мулоқот бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мисри Араб Муҳаммад Ҳиҷозӣ

27.03.2012 13:00

Зимни суҳбат бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мисри Араб Муҳаммад Ҳиҷозӣ ҳолати кунунӣ ва нақшаҳои ояндаи ду кишвар доир ба рушди ҳамкорӣ баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба татбиқи амалии санадҳои сершумори ҳамкории дуҷониба, ки дар зинаҳои гуногун, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ ба имзо расидаанд, зоҳир карда шуд.

Ҷоннок намудани фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ ва густариши робитаҳои судбахш зарур шумурда шуд.

facebook
twitter

Мулоқот бо Мудири минтақавии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Кори Удовички

Мулоқот бо Мудири минтақавии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Кори Удовички

27.03.2012 13:00

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси 5-уми байналмилалии ҳамкории иқтисодии минтақавӣ барои Афғонистон бо як қатор иштирокдорони воломақоми он аз кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои соҳибнуфуз мулоқотҳои судманд анҷом дод.

facebook
twitter

Мулоқот бо Муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар Алӣ ибни Фаҳд ал – Ҳоҷирӣ

Мулоқот бо Муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар Алӣ ибни Фаҳд ал – Ҳоҷирӣ

27.03.2012 13:00, шаҳри Душанбе

Дар мулоқот бо Муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар Алӣ ибни Фаҳд ал – Ҳоҷирӣ масоили ҳамкории рушдёбандаи ду кишвар баррасӣ шуд.
Алӣ ибни Фаҳд ал – Ҳоҷирӣ паёми табрикӣ ва таманниёти самимии Амири Давлати Қатар шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сониро ба Эмомалӣ Раҳмон расонда, ба сатҳи ташкили конфронси 5-уми РЕККА ва натиҷаҳои он баҳои баланд дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520